Ширкати чинӣ шоҳроҳеро дар ҷануби Тоҷикистон таъмир мекунад

Дар доираи бозсозӣ нуқтаҳои муҳофизатӣ, пулҳо иваз карда шуда, роҳ беҳтар карда мешавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Чин қасд дорад шоҳроҳи "Хулбук-Темурмалик-Кангурт" - ро дар ҷануби Тоҷикистон бозсозӣ кунад? хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт.
Корҳои барқарорсозиро ширкати чинии China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co ба зима гирифтасст.
Дар ин бора созишномаеро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи пудратчии чинӣ Ма Янг имзо карданд.
Азим Иброҳим изҳори итминон кардааст, ки ширкати чинӣ барқарорсозии шоҳроҳи "Хулбук - Темурмалик - Кангурт"- ро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳад,
Дар Тоҷикистон бо 350 миллион доллар роҳҳоро бозсозӣ мекунанд
"Лоиҳаи мазкур аслан аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум Ҳулбук – Темурмалик 33.4км, марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25.17км – ро дар бар мегирад", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, лоиҳа тармими пурраи роҳро бо паҳноии аз 7 то 12 метр дар бар гирифтааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар вилояти Суғд созишномаи сеҷониба оид ба таъмири шоҳроҳи Бӯстон-Зарнисор ба имзо расидааст.
Ширкати кӯҳӣ -металлургии Тоҷикистон - Чин, ҶДММ "Сомонӣ" ва ҳукумати шаҳри Гулистон дар бораи азнавсозии 38 километр роҳи Бӯстон - Зарнисор ба мувофиқа расиданд.