Сафири навтаъйини Тоҷикистон эътимодномаашро ба Эрдуғон супориду паёми Раҳмонро расонд

Ашрафҷон Гулов, сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Анқара ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия эътимоднома супорид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Маросими супоридани эътимоднома аз сӯи Ашрафҷон Гулов ба Эрдуғон 1 сентябр дар Туркия баргузор шуд, хабар дод Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон таманниёти неки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон расонид.
Дар суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тафсилоти дигари суҳбати сафир бо Эрдуғон ироа нашудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали моҳи июл бо имзои як фармон Гулов Ашрафҷон Шералиевичро ба мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия таъйин намуда буд. Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафирӣ дар Туркия озод гардид.
Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Раҳмон бо Эрдӯғон ва мардуми Туркия
Ашрафҷон Гулов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, писари Шералӣ Гул, собиқ вазири саноати Тоҷикистон мебошад, ки солиёни зиёд дар мақомоти бонкӣ, андоз ва умури хориҷӣ кор кардааст.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ашрафҷон Гулов 18-уми декабри соли 1981 таваллуд шуда, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2003 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мақомҳои гуногун оғоз кардааст.
Ба фаъолияти дипломатӣ соли 2007 пайваста дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва намояндагӣ дар Иттиҳоди Аврупою НАТО кор кардааст.
Сипас соли 2010-ум ба кор дар мақомоти андоз дар вазифаи сардори Раёсати андозсупорандаҳои калон гузашт. Аз соли 2014 ба мақоми консули генералӣ дар Русия таъйин гардида, баъди барканорӣ аз ин мақом то ҳол дар вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард.
Тибқи иттилои қаблан нашршуда, Гулов оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.