Роҳбари ҳукумати Толибон* маълум шуд

Мақомдорони Толибон*, ки ахиран қудрат дар Афғонистонро ғасб карданд, роҳбари ҳукумати нави кишварро эълон намуданд. Муаррифии расмии ҳукумати ҷадид интизор меравад, ки 3 сентябр баргузор шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳукумати нави Афғонистонро Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон*, созмони террористии мамнӯъ дар Русия, идора хоҳад кард. Дар ин бора шабакаи Tolo News бо такя ба мақомдорони Толибон* хабар дод.
"Ӯ роҳбари ҳукумат хоҳад буд, дар ин ҷо ҳеч шакке набояд вуҷуд дошта бошад", - изҳор дошт роҳбари Комиссияи ин ҳаракат дар умури фарҳанг, Анамулло Самангонӣ.
Инчунин ба мақоми вазири умури хориҷии Афғонистон, Абдулғанӣ Бародар, вазири мудофиа, Мулло Яъқуб, писари роҳбари аввали Толибон* - Мулло Умар ва вазири умури дохилӣ Халифа Ҳаққонӣ таъйин шудаанд.
Интизор меравад, ки муаррифии расмии ҳукумати ҷадид рӯзи ҷумъаи 3 сентябр баргузор гардад.
Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ва Толибон* ба мувофиқа нарасиданд
Тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт.
Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат, ҳамлагарон шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар