ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳавопаймои низомии С-17 нерӯҳои ҳавоии Қатар дар Кобул, пойтахти Афғонистон фуруд омад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бар асоси бархе гузоришҳо қатариҳо (ҳамроҳ бо туркҳо) амалкарди фурудгоҳро тасмим хоҳанд гирифт.
Қаблан, охирин гурӯҳи низомиёни амрикоӣ субҳи имрӯз (сешанбе) Афғонистонро тарк карданд ва Фурудгоҳи байналмилалии Кобул, ки қаблан аз сӯи нерӯҳои Амрико назорат мешуд таҳти контроли Толибон (созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) гузашт.
Президенти ИМА Ҷо Байден ахиран дар як изҳороташ гуфт, ки ҳузури 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистон пас аз эълони парвози охирин ҳавопаймои боркаши амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул ба охир расид.