ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Як манбаъи шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” гуфт, ки дар давлати ҷадиди Афғонистон намояндагони давлати қабли ин кишвар шомил нахоҳад шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қайд карда мешавад, ки ҳайати ҳукумати нави Афғонистон пас аз чанд рӯз эълон хоҳад шуд.
Қаблан Гулбуддини Ҳикматёр ба арзёбии ҷадидтарин авзоъ дар Афғонистон пардохт ва бо баёни инки аҳдофи қотеъонаи барои ширкат дар давлати Толибон* надорад, гуфт: “мо шифтаи шарокат дар давлати ҷадиди Афғонистон нестем аммо аз Толибон* бо ҳар равиш, ки онҳо давлати ҷадидро дар кишвар ташкил диҳанд, ҳимоят мекунем”.
Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар даҳ рӯзи аввали моҳи август, вақте Толибон* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидтар карданд, бадтар шуд.
Ягона вилояте, ки Толибон* натавонистанд онро ишғол кунанд, Панҷшер мебошад, ки дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст.
Санаи 15 август Толибон* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Ашраф Ғанӣ қабл аз расидани нерӯҳои Толибон* ба шаҳри Кобул аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом кард, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кардааст.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст