Жириновский: вазъи Афғонистон, метавонад Тоҷикистонро ба пайвастан бо Русия водор созад

Раиси Ҳизби либерал - демократи Русия дар бораи вазъи Афғонистон изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал - демократи Русия бар он аст, ки Русия метавонад дар Афғонистон аз рӯи се нақша вобаста вазъ намояд.
Тибқи нақшаи аввал, Афғонистон бояд чанд қисм тақсим шавад ва ба ҳами намояндагони мардумҳо ва нерӯҳои сиёсӣ қудрат дода шавад.
Нақшаи дуввум – ин Русия бояд кишварҳои Осиёи Миёнаро огоҳ намояд ва ба онҳо кумак расонад.
Нақшаи сеюм дар он аст, ки Русия ба вазъи Афғонистон ҳеҷ таваҷҷӯҳе зоҳир намекунад.
Жириновский вазъи Афғонистонро "сактаи қалби Осиё" хонду аз ноуҳдабароии "табибон" гуфт
“Дар ин сурат гурӯҳҳои гуногун ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла хоҳанд кард. Мо дахолат нахоҳем кард. Бо гузашти вақт, руасои ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кишварашон ба Маскав ё Саратов фирор мекунад. Онҳо аз мо хоҳиш мекунанд, ки кишварҳои онҳоро ҳамчун, як вилоят цабул намоем. Мо танҳо дар щамин сурат Осиёи Марказиро аз экстремистҳо тоза мекунем. Дар ҳайати Русия вилояти Душанбе, Бишкек, Тошканд, вилоятҳои Ашхобод ва Чимкент пайдо хоҳанд шуд. Дар ҳайати Русия дигар ҳеҷ ҷумҳурӣ ва ҳеҷ як раисҷумҳри кишвари осиёи Марказӣ нахоҳад буд", - гуфт Жириновский.
Ёдрас мешавем, ки қаблан ҳам Жириновский дар бораи пайвастани Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайати Русия изҳорӣ назар карда буд.