Тоҷикистону Русия низоми ягонаи мудофиавӣ месозанд

Созишномаи Тоҷикистону Русия дар мавриди ташкили низоми ягонаи мудофиаи ҳавоӣ дар ҷараёни тасвиб аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Генерал - полковник Юрий Грехов, ноиби раиси Кумитаи мудофиаи ҳавоии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ аз таъсиси низоми ягонаи Русия ва Тоҷикистон хабар дод.
"Созишнома дар бораи ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон, ки 27 апрели соли 2021 имзо шуд ва феълан расмиёти марбути тасвиби он идома дорад", - изҳор дошт Грехов зимни ҷаласаи Кумитаи мудофиаи ҳавоӣ.
Ӯ афзудааст, расмиёти тавофуқи дохилидавлатии созишнома бо Қирғизистон низ дар мавриди низоми муштараки мудофиа дар ҳоли анҷомёбист. Баъди анҷоми ин кор созишнома барои имзо ба вазирони дифои кишварҳо пешниҳод хоҳад шуд, изҳор доштааст Грехов.
Шойгу вазъ дар Афғонистонро вахим арзёбӣ кард
"Корҳо барои татбиқи амалии созишнома миёни Русия, Арманистон ва Қазоқистон идома дорад", - афзуд генерал.
Айни ҳол ба ҳайати низоми муштараки мудофиаи ҳавоии кишварҳои ИДМ 19 воҳиди ҳавоӣ, 38 қисми нерӯҳои мушакӣ, 15 қисми нерӯҳои радиотехникӣ, 9 гуруҳи мудофиаи ҳавоӣ ва 3 қисми муборизаи радиоэлектронӣ шомил мебошанд.
Идораи ин воситаҳо аз ҷониби фармондеҳии миллии кишварҳо амалӣ шуда, ҳамоҳангии амалҳои муштарак аз ҷониби раиси Кумитаи ҳамоҳангсозии мудофиаи ҳавоӣ амалӣ мешавад.