ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз лоиҳаи Кодекси нави андози кишвар ҷонибдорӣ карда, онро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон фиристод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни гузориш аз натиҷаи ҷаласаи ҳукумат, ки 31 август таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон ахиран изҳор дошта буд, ки мақсади таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав на зиёд намудани сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ, балки содаву шаффоф гардонидани маъмурикунонии он мебошад.
Ӯ аз ҳадафҳои дигари таҳияи Кодекси ҷадид истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ва мусоидат ба густариши раванди саноатикунонии босуръати кишвар хонд.
"Ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ҷиҳати таъмин намудани мувозинати қисми даромади буҷети давлатӣ тавассути пардохтҳои андозӣ яке аз вазифаҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад", - изҳор дошт раисиҷумҳур моҳи равон дар мулоқот бо кормандони бахши молия.
Вазорати молия ва Кумитаи андоз муваззаф шуданд, ки ин масъалаҳои муҳимро дар фаъолияташон мавриди назар дошта бошанд.