Генерал Нур корвони ҷангии “Толибон*” – ро торумор кард: даҳҳо куштаву захмӣ ва асир

Дар пайи як камини нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вулусволии Ҷабалуссироҷи вилояти Парвони Афғонистон як корвони ҷангии “Толибон*” комилан торумор шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Дар ин даргирӣ ҳудуди 20 ренҷеру танки “ҳомвей” – и “Толибон” мавриди ҳамла қарор гирифта, ҳудуди 50 толиб куштаву захмӣ ва 14 тан асир шудаанд. Иддае ҳам рӯ ба фирор овардаанд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон бо ирсоли ин хабар гуфт, аз асирони толиб ҳангоми бозпурсӣ маълум шуд, ки ин корвони низомӣ ба сӯи вулусволии Шутули Панҷшер, ки бо Солангҳо ҳамҷавор аст ва хатти аввали ҷанг бо Панҷшер ба ҳисоб меравад, ҳаракат мекард.
“Онҳо дар минтақаи Ишқобод, наздикии Клупи Ҷабалуссироҷ, ба камини размандагони генерал Нураҳмад Сикандарӣ, маъруф ба “фармондеҳ Нур” ё “Нур Сикандари Ҷабалуссироҷӣ”, раиси Шӯрои ҷиҳоду муқовимати вилояти Парвон ва собиқ мушовири Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, бархӯрданд. Канори ҷода то омадани ин корвон минакорӣ шуда буд, то ҳангоми ақибнишинӣ нерӯҳои душман натавонанд ҷон ба саломат баранд”, - гуфт манбаъ.
Шаҳри Ҷабалуссироҷ, маркази вулусволии ҳамном дар сари шоҳроҳи Кобул – Хайратон ва ҳам масири Кобул – Панҷшер ҷойгир аст. Миёни дараи Панҷшер ва ин шаҳр ҳудуди 20 километр роҳ аст.
Нураҳмад Сикандарӣ аз фармондеҳони зиддитолиби Ҷамъияти исломӣ буда, дар замони ҷиҳоду муқовимат узви Шӯрои наззори таҳти амри Аҳмадшоҳ Масъуд буд.
5 июли соли равон ӯ замоне ба даҳони расонаҳо афтод, ки дар пайи як ҳамла ҷон ба саломат бурд ва як муҳофизаш низ захмӣ шуд. Нафари муҳоҷимро муҳофизони ӯ хунсо карданд, аммо гуруҳе аз сокинони Ҷабалуссироҷ алайҳи ӯ даст ба эътироз заданд, ки он ҷавони муҳоҷимро бегуноҳ ба қатл расондааст.
Ҳоло ин гузоришҳо пахш мешаванд, ки он муътаризин афроди “Раванди сабз” – и марбути Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президент Ашраф Ғанӣ буданд. Онҳо хонаву дафтари Сикандариро дар Ҷабалуссироҷ оташ заданд.
Мехостанд вориди Панҷшер шаванд: кушта ва захмӣ шудани даҳҳо толиб дар Андаробҳо
Нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон барои боздошти ӯ нерӯ эъзом карданд, аммо ӯ аз ин тавтиа ҷон ба саломат бурд. Сикандарӣ ба тими Ғанӣ напайваст ва дар канори Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор гирифта, мушовири ӯ таъйин шуд. Иддае бар инанд, ки барномаи террори ӯ ҷузъе аз тарҳи бузурги хунсосозии фармондеҳони зиддитолиб буд.
Ин тарҳ, ба бовари бархе, аз ҳамон шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд шуруъ шуда, то террори Бурҳонуддин Раббониву генерал Абдурозиқи Қандаҳор ва дигарон идома доштааст ва аз сӯи истихбороти ҳукуматҳои Ҳомид Карзаю Ашраф Ғанӣ иҷро шудааст.
Ҳамла ба корвони “Толибон*” дар Ҷабалуссироҷ дуввумин даргирӣ дар манотиқи атрофи Панҷшер тайи ду рӯзи ахир аст.
Қаблан нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон муваффақ шуда буданд, ки як гуруҳи бузурги ҷангиёни толибро дар вулусволии Пули Ҳисор, масири ағбаи Ховоки Панҷшер, дар пайи ақибнишинии тактикӣ торумор кунанд ва ҳудуди 50 нафари онҳоро куштаву захмӣ ба ҷой гузоранд.
Ҳамзамон манобеъи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз ҳамлаи як ҷавон ба мошини “Ренҷер” - и “Толибон*” дар Пуштаи Сурхи Ҷабалуссироҷ, низ навори Панҷшер хабар медиҳанд, ки дар пайи он ҳамаи 6 сарнишини он ба ҳалокат расидаанд.

“Ин афрод мардуми қитъаи хоси “Толибон*” таҳти фармондеҳии Қорӣ Фасеҳуддини Бадахшӣ буданд”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ин ахбор аз сӯи манобеъи “Толибон*” такзиб ё таъйид нашудааст ва дар ин бора дар расонаву шабакаҳои иҷтимоии марбути ин гуруҳ бозтоб наёфтааст.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия