ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он рублу доллар боло рафт.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0.1536 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба рӯзи пеш гаронтар аст.
Дирӯз дар бозори арзи Тоҷикистон1 рубли русӣ 0.1528 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар ҳам, тағйир ёфтааст, пули амрикоӣ нисбат ба сомонӣ андаке боло рафта ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3265 арзиш дорад, дар ҳоле, ки дирӯз 1 доллар дар ҳудуди 11.3255 сомонӣ буд.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар як евро 13.3575 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки як рӯз пеш 13.3505 буд.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3265 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3575 то 13.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1536 то 0.1555 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад,ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.