ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи охир, 40 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Дар қиёс ду рӯз пеш 43 маврид ба қайд гирифта шуда буд.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 48 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон новобаста аз он ки дар фазои интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марг бар асари коронавирус хабар медиҳанд, вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 124 нафар боқӣ монд.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16778 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16618 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.