ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Абдулбақии Ҳаққонӣ, ки аз сӯи Толибон* ба ҳайси раҳбари вазорати таҳсилоти олӣ таъйин шудааст, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтааст, ки барои фароҳам овардани фазои амн синфҳои писарону духтарон бояд аз ҳам ҷудо бошанд.
“Омода кардани муҳити омӯзишӣ бар асоси шариати исломӣ яке аз барномаҳои муҳими таълимӣ мебошад, ки бояд иҷро шавад”, - қайд кард Ҳаққонӣ.
Вай илова кард, ки довталабоне, ки дар соҳаҳои гуногун таҳсил мекунанд, бояд дар асоси ниёзҳои миллӣ ва мазҳабии кишвар қабул карда шаванд.
Ҳамзамон вай аз профессорон ва кормандони Вазорати таҳсилоти олӣ даъват намуд, ки фаъолияти худро мисли пештара давом диҳанд.
*- созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва тоҷикистон мамнӯъ аст