Самимона табрик кард: занги телефонии Раҳмон ба Мирзиёев

Дар баробари муносиботи дуҷониба, президентҳо вазъи кунунии Афғонистонро низ баррасӣ кардаанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад, котиботи президент.
Дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон президенти Ӯзбекистони дӯст ва дар симои ӯ бародарони ӯзбекро бо ҷашни таърихӣ - 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик кард.
Дар ин замина президенти Тоҷикистон дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Ӯзбекистонро тайи солҳои сипаришуда дар роҳи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва шукуфоӣ зикр кардаст.
"Вазъият душвор аст": Лукашенко ҷузъиёти гуфтугӯ бо Раҳмонро ифшо кард
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин якчанд масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи Афғонистон баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин масоили омодагӣ ба саммити қарибулвуқӯи СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтааст.
Президентҳо ҷонибдории худро аз густариши минбаъдаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Ӯзбекистон бар манфиати халқҳои ду кишвар, ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба тасдиқ кардаанд.