ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нохушии маргбор 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 10:10 рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини "Хундай-Саната", Нозимов Хуррам, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мастонгулови пойтахт Собирҷони хурдсолро зер кардааст.
"Ронанда дар назди хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи М.Мастонгулов мусофиронро аз автомашина фароварда, ҳангоми ба ҳаракат даровардани автомашина, пиёдагарди хурдсол Дмитриев Собирҷон, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Душанберо, ки дар қисми пеши автомашина меистод, пахш намудааст", - иттилоъ дод ВУД.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Акс аз ҷои ҳодиса ҳанӯз 29 август ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, фоҷиа замоне рух дод, ки ронандаи таксӣ модару кӯдакро ба манзилашон оварда, замоне, ки модар борро ба хона медаровард, кӯдак пеши мошин баромадаст ва ронанда низ ӯро надида, зер намудаст. Назари худи ронанда дар бораи нохушии маргбор дастрас нест.