Муҳоҷиронеро, ки дар ҷанҷоли гурӯҳӣ дар Петербург ширкат доштанд, ихроҷ мекунанд

Барангехтагони як занозании дигар дар Русия ҷазои сахт хоҳанд гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия мехоҳанд ташкилкунандагони ҷанҷоли гурӯҳӣ - муҳоҷирон дар Санкт-Петербургро ихроҷ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ситоди минтақавии ВКД.
Ҳамчунин маълум аст, ки нисбати 14 муҳоҷир парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
"Бо дарназардошти ҳолатҳои боздошти шаҳрвандони хориҷӣ, полис ният дорад ба суд дар бораи ихроҷи иҷбории онҳо аз Федератсияи Русия муроҷиат кунад", - гуфта мешавад дар паём.
Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи занозании гуруҳии муҳоҷирон дар Маскав
Эҳтимол меравад, ки дастгиршудагон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 22 август дар Санкт -Петербург дар минтақаи шоҳроҳи Красносельский миёни шаҳрвандони хориҷӣ занозанӣ рух дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар занозании оммавӣ 25 нафар иштирок кардаанд. Яке аз ширкаткунандагони муноқиша бо захми корд дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.