ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Моликони муассисаи ғизои умум бо як дархост аз Ҳукумати Русия хостаанд барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба онҳо иҷозат диҳад.
Ташаббускори муроҷиат ба сарвазир, Михаил Мишустин, президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои бозори моҳӣ, Виталий Корнев мебошад, хабар дод "Коммерсант".
Аз Ҳукумати Русия дархост кардаанд, ки ба корфармоёни бахш иҷозат диҳанд, то барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳиясозии патент ва пардохти хароҷоти он иқдом кунанд.
Сергей Миронов, роҳбари Кумитаи тиҷорат дар бахши тарабхонаҳо дар Маскав, мегӯяд, теъдоди кормандони хориҷӣ дар муассисаҳои ғизои умум вобаста аз навъи муассиса аз 20 то 90 дарсадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар замони пандемия ин соҳа ҳудуди 30 дарсади кормандонашро аз даст дод.
Инчунин зикр шудааст, ки бо вуҷуди аз сар гирифтани парвозҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ теъдоди кормандон ҳанӯз кофӣ нест, чун таҳияи аснод баъзан то як моҳ ва гоҳо зиёда аз онро дар бар мегирад.
Мудири Restcon, Елена Перепелитса, мегӯяд, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон равандро шаффоф карда, ба моликони тарабхона имкон медиҳад, то хароҷоти марбути таҳияи асноди муҳоҷирони меҳнатиро ба хароҷоташон ворид созад ва аз фоидаашон пардохт накунанд.