ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафири Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳакдод мулоқот кард, хабар медиҳад БЕЛТА.
Зимни муколама Лукашенко дар бораи он чизе сӯҳбат кард, ки дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.
"Тӯли ним соат ӯ ҳамчун дӯсти наздик дар бораи вазъи Афғонистон суҳбат кард. Зимнан, бисёр маълумоти нав мавҷуданд, ки на дар расонаҳо шунида мешаванд ва на дида мешаванд", - қайд кард президенти Беларус.
Вай афзуд, ки вазъ дар Афғонистон ва марзи Тоҷикистон "бисёр ҷиддӣ ва муташанниҷ аст".
Лукашенко инчунин ба таври алоҳида қайд кард, ки бинобар дарозои сарҳад бо Афғонистон, онро тақвият додан лозим аст. Гузашта аз ин, барои ин Тоҷикистонро бо аслиҳаи муосир муҷаҳҳаз кардан лозим аст.
Раҳбари Беларус афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон нисбат ба ҳама ҷумҳуриҳои дигар ва ҳатто назар ба Иёлоти Муттаҳида, ки контингенти онҳо мустақиман дар Афғонистон ҷойгир аст, маълумоти бештар дорад.
Лукашенко хотиррасон кард, ки президенти Тоҷикистон, "метавон гуфт, ки дар тӯли даҳсолаҳо аз рушди бениҳоят хатарноки вазъ дар Афғонистон ҳушдор медод ва дуруст баромад".