ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷии Амрико Энтони Блинкен дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки ҳузури дипломатии Амрико дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар 31 август баид аст.
Дар айни ҳол ба гуфтаи ин дипломат, “тааҳҳуд барои идомаи кумак ба афроде, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва то аввали сентябр онҷоро тарк накардаанд, ба қуввати худ боқӣ хоҳад монд".
Вай бо ишора ба афғонҳое, ки ба онҳо кумак кардаанд, гуфт: "Мо васоил ва механизмҳо барои доштани дипломат дар онҷо дорем, одир ба идомаи расидагӣ ба ин мутақозиён ва тасҳили убури саёри афроде, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, хоҳем буд".
Ҳузури Толибон* аз иҷрои амалҳояш вобаста аст, аз ҷумла иҷозаи убури бехатари шаҳрвандон ва шарикони афғон, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва муносибат бо занон.
Вай афзуд, ки Вошингтон ба қавли онҳо "Толибон" бовар надорад. Вале ин гурӯҳро бар асоси амалҳои онҳоарзёбӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Шермуҳаммад Аббос Станекзай, музокиракунандаи аршади Толибон*, ахиран гуфт, ки ин гурӯҳ монеъ аз сафари мардум нахоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол, мушовири амнияти миллии Амрико Ҷейк Салливан ба шабакаи телевизионии CBS News гуфт, ки Амрико "нуфузи қобили таваҷҷуҳ” барои барои масъул кардани Толибон* дар қиболи тааҳҳудоташ дорад. Ӯ гуфт, ки Толибон* ба мо тааҳҳуд додааст, ки иҷозаи сафари амн бидиҳад. Мо фақат ба ҳарфи онҳо басанда намекунем.