Толибон* дар Қандаҳор мусиқӣ ва садои занонро дар телевизион ва радио манъ намуданд

Дар Қандаҳор ҷангиёни Толибон* садои мусиқиро манъ намуданд. Илова бар ин, садои занон дар телевизиону радио ҳам мамнӯъ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Қандаҳор Ҷунбиши ҳаракати Толибон*, ки фаъолияти он дар русияву Тоҷикистон ва аксари кишварҳо мамнӯъ мебошад, мусиқӣ ва садои занонро аз телевизион ва радио манъ кардаанд, хабар медиҳад Pajhwok бо такя ба шӯъбаи фарҳанг ва иттилооти маҳаллӣ.
Raha Press инчунин гузориш медиҳад, ки занон сарфи назар аз ваъдаҳои Толибон, ки тибқи қонунҳои шариат кор ва таҳсил мекунанд, дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд.
Қаблан Толибон* гуфта буданд, ки занони афсари давлатӣ дар оянда метавонанд пас аз таҳияи қоидаҳои дахлдор вазифаҳои худро иҷро кунанд.
Таркиш дар Афғонистон як кӯдакро кушту се тани дигарро захмӣ кард: Амрико онро анҷом дод
Рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки Толибон* аз кормандони Вазорати тандурустии Афғонистон даъват кардаанд, ки ба кор баргарданд.
Аввали моҳи август Толибон * ҳамлаи худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон пурзӯр карданд.
Толибон 15 август вориди пойтахт шуда, кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд ва рӯзи 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ин ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик рӯшан хоҳад шуд.
Ягона вилояте, ки аз зери назорати Толибон* канор монд, ин Панҷшер аст.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия