Таркиш дар Афғонистон як кӯдакро кушту се тани дигарро захмӣ кард: Амрико онро анҷом дод

Мушак боло як боми манзили истиқоматӣ уфтодаст, ки дар натиҷа як кӯдак ҷон аз даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бар асари таркиш дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул як кӯдак кушта шуд ва ҳамзамон се нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Шабакаи Al-Jazeera менависад, ки таркиш зимни ҳамлаи мушакӣ иттифоқ афтод ва мушак болои як боми манзили истиқоматӣ, ки дар наздикии фурудгоҳ қарор дошт, афтодааст.
Дар ҳамин ҳол, аксар расонаҳо менависанд, ки таркиши навбатиро Амрико анҷом дод. Зоҳиран ин таркиш ҷавоб ба ҳамлаи интиҳории чанд рӯз пеш дар фурудгоҳи Кобул буд, ки дасти кам 13 низомиро ба ҳалокат расонд.
Таркиши навбатӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул - навор
Бояд гуфт, ки бар асари силсила таркишҳо дар фурудгоҳи шаҳри Кобул дасти кам 200 нафар кушта шуданд.
Яке аз ҳамалоти интиҳориро ҷангиёни ДОИШ* бар ӯҳда гирифтанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия