ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон музокироти қариб якҳафтаинаи Тошканду Душанбе дар масоили марзӣ анҷом ёфтанд.
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон мегӯяд, гуфтушуниди ҳайатҳо аз 23 то 28 август ҷараён доштанд. Дар мулоқот натиҷаи кори саҳроӣ баррасӣ шуда, бо зикри пешрафт дар муайянсозии марз протокол имзо гардидааст.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳо дар қаламрави Ӯзбекистон дар назар аст.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон дар мавриди марз бо Ӯзбекистон гуфт, қисматҳои номуайяни марз асосан дар минтақаҳое боқӣ мондаанд, ки се кишвар ба ҳам меоянд
Раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки бо Ӯзбекистон 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мавҷуд аст, ки аз ин 1319 километр пурра муайян гардидааст.
Ориф Хоҷазода таъкид намуд, ки муайянсозии марз бо Ӯзбекистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, қисмати хурде, ки то ҳол мушаххас нест, дар нуқтаҳои пайвастшавии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад.