ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба раҳбари Амрико Ҷо Байден дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон номаи ҳамдардӣ фиристод.
"Дар паёми худ сарвари давлат дар робита ба даргузашти низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи шаҳри Кобули Афғонистон ҳамдардӣ баён намуда, ба пайвандони онҳо сабр хост", - изҳор дошт сухангӯи президент Шерзод Асадов.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбеи 26 август дар фурудгоҳи Кобул як силсила таркишҳо ба амал омаданд ва яке аз онҳоро маргталаб анҷом дод. Тибқи иттилои расонаҳо, шумораи қурбониён аз садҳо нафар гузаштааст.
Ҳамин тариқ, WSJ гузориш дод, ки шумораи кушташудагони афғон марзи 200 нафарро убур кард.
Дар ҳамин ҳол, Associated Press аз марги дасти кам 11 низомии амрикоӣ ва як табиб хабар дод.
Аммо манобеи вобаста ба Пентагон хабар дод, ки дар ин ҳодиса 13 низомӣ кушта шуда, 20 нафар захмӣ гардиданд. Вазъияти 10 нафар ниҳоят вазнини арзёбӣ мешавад.
Масъулияти ҳамларо ҷангиёни ДОИШ*, ки фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон манъ аст, бар уҳда гирифт.