Коженов дар бораи муноқишаи муҳоҷирон: ин тақсими бозор нест

Вадим Коженов, роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия, мегӯяд, ҳолатҳои занозании муҳоҷирон ҳеч заминаи иқтисодӣ ё тангсозии мавқеи ҳамдигар дар бозорро надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия мегӯяд, ҷаҳиши назарраси ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар кишвар ҷой надорад. Ӯ дар суҳбат бо родиои "Говорит Москва" омори депорти муҳоҷирон дар замони топендемияро зикр кард.
"Барои мисол агар омори соли 2019 - ро гирем, аз кишвар 30 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуданд. Худатон метавонед бо ин 200 нафаре, ки соли равон депорт шудаанд, муқоиса кунед", - таъкид намуд Коженов.
Ӯ афзуд, ҳолатҳои занозании муҳоҷирон таваҷҷуҳи "болоҳо" - ро ҷалб намуд ва дар ин робита чандин ҷаласаҳои бузурги сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Коженов муътақид аст, ки ин занозаниҳо барои тақсими бозорҳо нестанд.
Дастури Бастрикин дар мавриди афзоиши занозании гуруҳии муҳоҷирон дар Маскав
"Дар ҳар бозори хизматрасониҳо, аз колорасонӣ то мусофирбарӣ эълонҳоро мехонем, ки коргарон даркоранд. Модоме чунин эълонҳо дода мешаванд, ин ба он маъност, ки одамон метавонанд рафта кор кунанд, ниёзе ба тақсим нест. Тақсими бозорҳо замоне имконпазир аст, ки ҷои кор нест, ҳама ҷой банд аст", - тавзеҳ додааст ӯ.
Вадим Коженов муътақид аст, ки занозаниҳои ахири муҳоҷирон дар Русия омилҳои маишӣ доранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Русия дар пайи афзоиши ҳолатҳои занозанӣ миёни муҳоҷирон дар Русия дастур доданд, ки санҷишҳо гузаронда шаванду аз натиҷаи он ба роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия гузориш ироа гардад.