Таркиши навбатӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул - навор

Таркиши навбатӣ низ дар фурудгоҳи шаҳри Кобул рух дод ва ҳоло ҷузъиёти ин ҳодиса норушан аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул боз таркиши мудҳиш сар зад, хабар медиҳад Франс Пресс.
Манбаъ меафзояд, таркиш бар асари ҳамлаи мушакӣ рух додааст
Феълан ҷузъиёти ин ҳамла норушан аст ва маълум нест, ки дар пайи ин ҳамла нафаре кушта ва ё захмӣ гардидааст.
Бар хабари аксар расонаҳо таркиш наздикии фурудгоҳи ин шаҳр иттифоқ афтод.
Дар наворе, ки ба шабакаҳо аз макони ҳодиса роҳ ёфтааст нишон дода мешавад, ки дуди сиёҳ ба осмон печидаст.
Ёдовар мешавем, ки бар асари силсила таркишҳо дар фурудгоҳи Кобул бар тибқи маълуқмоти аксар расонаҳо 200 нафар кушта шуданд.
Миёни афроди кушташуда, ба ҷуз аз шаҳрвандони Афғонистон имчунин низомиёни амрикоӣ низ ҷон бохтанд.