Рӯзи 29 август дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1793 дар Санто-Доминго – пойтахти Ҷумҳурии Доминикан ғуломӣ манъ карда шуд.
Соли 1949 Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин санҷиши бомбаи атомиро гузаронид.
Соли 1954 Фурудгоҳи байналмилалии Сан-Франсиско ифтитоҳ гардид.
Соли 1936 дар Британияи Кабир аввалин маротиба пахши мустақими мусобиқаи футбол миёни клубҳои "Арсенал" ва "Эвертон" ба роҳ монда шуд
Рӯзи 29 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1990 аввалин шумораи рӯзномаи "Садои мардум" нашр шуд.
Соли 2013 дар Китобхонаи миллиии Тоҷикистон намоиши аксҳои "Қазоқистон дар замони муосир" баргузор гардид.
Соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати содирот"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ баргузор гардид.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе мутобиқи барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд.
Соли 2008 дар шаҳри Душанбе баъди анҷоми мулоқоти расмӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расид.
Соли 2013 зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш масоили вобаста ба вазъи вақт ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Соли 2013 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бузурги истеҳсоли семент, ки дар як сол 1 миллион тонна маҳсулот истеҳсол мекунад, ба кор дароварда шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 29 август
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди амали санҷишҳои ядроӣ.
Рӯзи шӯриши миллии словакҳо.
Рӯзи 28 август дар Тоҷикистон кӣ аб дунё омадааст
Соли 1932 - Нӯъмон Тоштемиров, ҳофизи халқии Тоҷикистон.