Дар марҳилаи аввал дастаҳои дивизиони якум - Чин, Ӯзбекистон ва Русия, дар мусобиқа иштирок мекунанд.
Экипажи Точикистон дар пойгаи дивизиони дуюм ба майдон мебарояд. Ин даста бо ҳамтоёни худ аз Қатар, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон рақобат хоҳад кард.
Пас аз соати 13:00 ба вақти Маскав (15:00 бо вақти Душанбе) пойгаи экипажи тоҷикро тамошо кардан мумкин аст.
Шарти сабқатро ёдоварӣ мекунем.
Ҳар экипаж 3 даврро (3-5 км) гардиш мекунад ва 3 бор тирандозӣ менамояд.
Дар марҳилаи аввал тирандозӣ аз туп бо се тӯпи муқаррарӣ ба се ҳадаф сурат мегирад.
Дар марҳилаи дуюм - тирандоз бояд аз пулемёти зенитӣ ба ҳадаф расад.
Дар даври сеюм тир аз пулемёти ПКТ парронда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки танкчиёни тоҷик дар сабқати аввал дар мудати 27 дақиқаю 23 сония шартро иҷро карданд. Ин натиҷаи беҳтарин дар тамоми давраи баромадҳои ҷумҳурӣ дар "Биатлони танкӣ" мебошад.
Экипажи дуюм натиҷаи бадтар нишон дод. Ин бор дастаи Тоҷикистон дар давоми 35 дақиқаю 24 сония ба марра расида, ҷои дуввумро гирифт.