Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Марзҳо боз шуданд? Туркманистон ҳам додугирифти тиҷорӣ бо Афғонистонро оғоз кард

Додугирифт миёни Туркманистон ва Афғонистон дубора барқарор гаштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Туркманистон ахиран эълом доштааст, ки марз бо Афғонистон боз шудаасту гумруки ин кишвар бо кишвари ҳамсояаш фаъол аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
тибқи иттилои манбаъ, ҳеҷ ихтилоле дар амалкарди гумрук дар марзи Туркманистону Афғонистон вуҷуд надорад ва ҳамлунақли коло аз тариқи онҳо ба мисли пештара дар шакли оддӣ сурат мегирад.
манбаъ қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир рӯзона беш аз 70 вагон ва ҳудуди 160 мошини боркаш аз тариқи гузаргоҳҳои “Имом Назар”, “Окина ва Сарахс” ва “Турғунди” убур мекунанд.
Эрон аз барқарорсозии раванди тиҷорат бо Афғонистон хабар дод
Аз Туркаманистон бештар ба Афғонистон маҳсулоти нафтӣ, гази мойеъ ва ғалладона содирот мешавад.
Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Туркманистон таъкид доштааст, ки тарафи Афғонистон тарофаҳои гумрукии колоҳои содиротшуда ба Афғонистонро коҳиш додааст.