ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз панҷ ҳолати қаллобӣ хабар додааст, ки барои таҳияи асноди сафар ба Олмон ҷавоне дар маҷмуъ беш аз 23 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, марди 45-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки 10-уми ноябри соли 2020, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия барои омода кардани ҳуҷҷатҳои сафари Олмон 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Аз ҷабрдидаи дигар марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе зикр шудааст, ки муттаҳам аз ӯ низ 11 ноябри соли гузашта 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаст.
Аз се нафари дигар низ рӯзҳои 10 ва 11 ноябри соли 2021 аз ҳар кадоме 4,5 ҳазор долларӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар иваз барояшон ҳуҷҷатҳои сафар ба Олмонро таҳия мекунад, аммо ваъдаашро иҷро накардаст.
ВУД дар иттилоияаш дар қатори ҷабрдидагон ду марди 31-сола, сокинони шаҳри Бохтар ва инчунин сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакиро ном бурдааст.
Назари нафари муттаҳам дар бораи ин иттиҳом маълум нест.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.