ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Ато Муҳаммади Нур аз эълони ИМА ва дигар кишварҳо интиқод кард, ки мегӯянд ҳазорҳо нафарро аз Афғонистон берун мекунанд ва суол гузошт, ки сарнавишти 35 миллион аҳолии дигари ин кишвар чӣ мешавад.
Муҳаммади Нур бо нигаронӣ ба расонаҳо гуфт, онҳое аз кишвар берун мешаванд, ки таҳсил карда буданд, забонро мефаҳмиданд. Ӯ ин кадрҳоро сармояе хонд, ки кишварҳои ғарбӣ берун мебаранд.
"Афғонистонро дар шароити бидуни кадр қарор додан, ҷуз хиёнат аз ҷониби шарикони байналмилалӣ чизи дигаре нест", - изҳор дошт Ато Муҳаммади Нур, ки феълан худаш ҳам дар фирор қарор дошта, ба иттилои охир дар Дубай мебошад.
Ӯ бо зикр аз ваҳшату вазъияти бад дар фурудгоҳи Кобул изҳор дошт, ки агар аз як тараф ин тарс аз Толибон* бошад, ки дар гузашта бо таърифи нодурусти шариати исломӣ зӯргӯиҳоро раво медиданд, аз тарафи дигар гунаҳкорони асосӣ роҳбарони ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ мебошанд, ки ин заминаро фароҳам сохтанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА эълон дошт, ки сарфи назар аз ҳамлаҳои охири террористӣ дар фурудгоҳи Кобул тахлияро давом медиҳанд.
"Мо намегузорем, террористон монеи рисолати мо шаванд. Мо тахлияро идома медиҳем. Раҳбарияти низомӣ дастур гирифтаст, ки то 31 август бо тамоми имконот тахлияро анҷом диҳанд", - изҳор дошт Байден ва нишасти матбуотӣ ва ҳамчунин тасдиқ кард, ки баъди ин сана низ эҳтимол афроде хоҳанд буд, ки ниёз ба берун овардан хоҳанд дошт.
Дар мавриди эҳтимоли созиши ДОИШ* ва Толибон* дар ҳамлаҳои охир, раисиҷумҳури ИМА изҳор доштаст, ки чунин далелро дар даст надоранд. Ӯ афзудааст, ки бо Толибон* дар тамосанд, то аз ҳамлаҳо дар оянда ҷилавгирӣ карда шавад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар