ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Мақомоти интизомии Русия беш аз 20 шаҳрванди хориҷиро барои занозанӣ дар Маскави Нав боздошт карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав.
Муҳоҷирон дар хобгоҳе дар кӯчаи Адмирал Корнилов ҷанҷол кардаанд.
Қайд карда мешавад, ки ба пулис дар бораи занозании шахсони номаълум занги шикоятӣ расидааст.
"Кормандони пулис, ба ҷои ҳодиса расида, вайронкунии тартиботи ҷамъиятиро пешгирӣ карданд. Зиёда аз 20 нафар барои тафтишот ба шӯъбаи корҳои дохилии Коммунарский оварда шуданд", - хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорат.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбати ҳафт нафар дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи "Майдаавбошӣ" протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ҳамчунин, нисбати панҷ нафари дигар тибқи моддаи "Вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ" протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Нисбати онҳо депорт ва баъдан манъи вуруд ба Русия роҳандозӣ мешавад.
Пештар аз депорт шудани 46 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муноқишаи оммавӣ дар назди истгоҳи метрои Кузминки иштирок кардаанд, хабар дода шуд.