ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Далелҳо мавҷуданд, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон бо Толибон* робитаи наздик дорад, гуфт Амруллоҳ Солеҳ, ки феълан худро роҳбари муваққати давлат эълон кардааст.
"Тамоми маълумоте, ки мо дар даст дорем, аз он шаҳодат медиҳад, ки гурӯҳи ДИИШ* - Вилояти Хуросон * аз Толибон* ва Шабакаи Ҳаққонӣ *, ба хусус аз онҳое, ки дар Кобул фаъолият мекунанд, сарчашма мегиранд", - гуфт Солеҳ дар саҳифаи Твиттериаш.
Дар даҳ рӯзи аввали моҳи август Толибон* ҳамлаҳоии худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон пурзӯр карданд.
Ягона вилояте, ки то ҳол таҳти назорати ин гурӯҳ нест, Панҷшер дар шимолу шарқи Кобул боқӣ мондааст, ки аз лиҳози масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои кишвар аст.
Санаи 15 август ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти кишвар шуда, қасри президентро таҳти назорати худ гирифтанд.
Шаби 16 август намояндаи дафтари сиёсии Толибон* Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид ва шакли идоракунии давлат дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд.
Ҳоло тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии Афғонистон таҳти назорати Толибон мебошанд.
Берун кашидани шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки бо намояндагиҳои хориҷӣ кор мекарданд, таҳти назорати низомиёни ИМА ва дигар кишварҳои НАТО тавассути фурудгоҳи Кобул идома дорад.
Толибон* ахиран эълон карданд, ки онҳо ният надоранд бо амрикоиҳо муҳлати баровардани шаҳрвандони хориҷӣ пас аз 31 август тамдид намоняд.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия мамнӯъ аст.