ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҷен Пасаки, сухангӯи Кохи Сафед гуфт: “Ман кӯшиш намекунам, ки андешаҳои худро дар бораи Толибон* ширин созам, он гурӯҳе нест, ки мо ба онҳо эътимод дошта бошем, мо бо онҳо дӯст нестем ва ҳамеша бар ин таъкид доштем”
Вай таъкид кард, ки ҳамоҳангӣ бо Толибон* зарур аст ва онҳо барои тарки Афғонистон иҷозат додаанд.
"Ҳанӯз ҳеҷ маълумот дар бораи даст доштани Толибон* дар ҳамла ба фурудгоҳ вуҷуд надорад", - гуфт Песаки.
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти таркиши хунинро рӯзи панҷшанбе бар дӯш гирифтанд. Дар изҳороти ДОИШ гуфта мешавад, ки як бомбгузори интиҳории ин гурӯҳ, ки Абдулраҳмон Логарӣ муаррифӣ шудааст, маводи мунфаҷираи худро дар миёни таҷамӯи шарвандони афғон ва нерӯҳои амрикоӣ дар наздики майдони ҳавоӣ мунфаҷир кард.
Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошти Афғонистон, 60 тан аз кушташудагон ғайринизомиёни афғон ва 12 нафар низ аз нерӯҳои низомии Амрико буданд. Дар ин инфиҷорҳо дастикам 155 нафар, аз ҷумла 140 афғон ва 15 сарбози амрикоӣ захмӣ шудаанд.
Рӯзномаи Wall Street Journal чанде пеш хабар дода буд, ки дар ин инфиҷори хунин 90 нафар кушта шуда буданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон.