Расонаҳо: таркиши фурудгоҳи Кобул 13 кушта бар ҷой гузошт

Дар ин ҳамлаи интиҳорӣ чанд кӯдак низ кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо ДОИШ* бар ӯҳда гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳадди аққал 13 нафар, аз ҷумла кӯдакон қурбонии таркише шуданд, ки дар фурудгоҳи Кобул ба амал омад, хабар медиҳанд расонаҳои дохил ва хориҷ.
Манобеи Reuters бо истинод ба сухангӯи ҷунбиши ҳаракати Толибон* хабар дод, ки "бар асари таркиш дар наздикии фурудгоҳи Кобул дастикам 13 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта ва бисёр муҳофизони толиб маҷрӯҳ шуданд".
Захмӣ шудани низомиёни Амрико дар пайи инфиҷор дар Кобул
Бояд гуфт, ки Толибон* моҳи ҷорӣ ҳамлаи худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон пурзӯр карданд. Ягона вилояте, ки таҳти назорати онҳо нест, Панҷшер дар шимолу шарқи Кобул боқӣ мемонад, ки аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои кишвар ба ҳисоб меравад.
Рӯзи 15 август ҷангҷӯён вориди пойтахт шуда, қасри президентро таҳти назорат гирифтанд. Шаби 16 август намояндаи дафтари сиёсии Толибон* Муҳаммад Наим гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумат дар ин иёлот дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд.
Ҳоло тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз Афғонистон таҳти назорати Толибон* қарор доранд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия