Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Сафири Русия дар бораи ҳамкорӣ бо Толибон* гуфт

Сафири Русия гуфт, Толибон* дар раванди интицол додани русҳо аз Афғонистон ҳамкории хуб нишон доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов гуфт, ки Толибон* дар ташкили интиқоли шаҳрвандони Русия аз Афғонистон "ҳамкории хеле хуб" нишон доданд.
"Ҳама масъалаҳоро ҳал карда истодаем, ҳамкории хеле хуб бо Толибон* дар ташкили хориҷ кардани шаҳрвандони Русия сурат гирифт", - гуфт ӯ дар эфир дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
Вай инчунин илова кард, ки дар фурудгоҳи Кобул то ҳол "бетартибӣ" аст: "амрикоиҳо воқеан дар он ҷо амниятро карда наметавонанд, тақрибан 50 нафари ғайринизомӣ аллакай фавтидаанд", - таъкид кард сафир.
Вай қайд кард, ки аз ин рӯ Русия ба интиқолдиҳии шаҳрвандон шурӯъ кард.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳоли омодабош: 12 акс аз Панҷшер
"Сафорати моро ба як навъ терминали гумрукӣ ва назорати шиноснома табдил доданд, мо шаҳрвандони Русияро дар ин ҷо ҷамъ кардем", - афзуд сафир.
Ёдрас мешавем, ки Толибон* дар даҳаи аввали моҳи август ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум карданд.
Онҳо рӯзи 15 август вориди пойтахт шуда, кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик муайян хоҳад шуд.
Ягона вилояте, ки аз назорати онҳо берун аст, Панҷшер дар шимолу шарқи Кобул боқӣ мондааст, ки аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои кишвар аст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд аз Русия чархболу силоҳи бештар харанд
Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки "барои пешгирии қатли ом" кишварро тарк кардааст.
“Ҳамла намекунем”: мулоқоти аввали Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон*Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии Афғонистон таҳти назорати Толибон* мебошанд. Интиқоли кормандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки барои намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, тавассути ягона фурудгоҳи Кобул, ки дар ихтиёри артиши ИМА ва дигар кишварҳои НАТО қарор дорад, сурат мегирад.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.