26 август, рӯзи панҷуми озмун дар вилояти Маскав баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар лигаи дуюм бозӣ мекунад.
Аз рӯи натиҷагирии сабқати дуввум танкчиёни Тоҷикистон мақоми аввалро касб карданд. Экипажи точик натичахои аъло нишон дода, аз панч нишондиханда ба чортояш ва дар мухлати бехтарин ноил шуд.
Ёдовар мешавем, ки биатлони танкӣ дар доираи Бозиҳои анъанавии байналмилалии артиш "Армия" баргузор мешавад. Дар соли 2021, чорабиниҳо аз 22 август то 4 сентябр давом мекунанд.