ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар Қирғизистон машқҳои муштарак бо Нерӯҳои Ҷойгиркунии Дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ (СААД) "Рубеж-2021" баргузор мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ситоди муштараки ин созмон.
Ин тамринҳо дар размоишгоҳи "Эделвейс" аз 7 то 9 сентябр доир хоҳанд шуд.
Мавзӯи асосии тамринот "омодагӣ ва гузаронидани амалиёти низомӣ аз ҷонибиНерӯҳои Ҷойгиркунии Дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ барои нобуд сохтани созмонҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ҳуҷум карданд", хоҳад буд.
Низомиён малакаҳои амалиро дар ташкили амалиёти ҷангӣ ва фармондеҳии нерӯҳои зертобеъ такмил хоҳанд дод.
Дар машқҳо гурӯҳҳои низомӣ ва гурӯҳҳои амалиётӣ аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ситоди муштарак ва Котиботи СААД ширкат хоҳанд кард.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ ҷалб карда мешаванд.
Дар моҳҳои июл-август ҷангҷӯёни "Толибон" қариб ҳамаи музофотҳои Афғонистонро ишғол карданд ва 15 август онҳо вориди Кобул шуданд. Панҷшер ягона вилоят боқӣ мемонад, ки онро Толибон назорат намекунад.
Қаблан СПАД панҷ тамриноти муштаракро барои тирамоҳи соли 2021 эълон карда буд.