Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави “Алюмин Проф”-ро ифтитоҳ кард

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон барои ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода сафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар нахуст дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ширкати “Алюмин Проф”-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузошт.
корхонаи азими “Алюмин Проф” имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он қариб 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд.
Ҳамзамоон қайд карда шудааст, маҳсулоти ниҳоии корхона ҳамчунин хориҷ аз кишвар содирот хоҳад шуд.
“Дар марҳилаи аввал ҳадаф аст он ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш бароварда шавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар доираи 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 10 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.
Рутба дар зодрӯз: 5 генерали нав дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон - акс
Қайд карда шудааст, ки дар ҳамин ҷо Президенти Тоҷикистон ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи “Алюмин Проф” расман оғоз бахшид.
Қайд шудааст, ки марҳилаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд мегардад.
Бо ба истифода додани марҳилаи дуюм, дар маҷмӯъ коркарди солонаи алюминий дар корхона ба 15 ҳазор тонна баробар мегардад. Дар марҳилаи баъдӣ инчунин истеҳсоли номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ, ки аз алюминий омода мешавад, роҳандозӣ шуда, дар он низ хаттҳои истеҳсолии муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ васлу насб мегардад.