Ҷангал рафту маст шуду корд кашид - шарҳи ВКД

Ҳодиса дар ҷангали деҳаи Пунуки ноҳияи Ашт рух дода, гумонбар дастгир шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз қасдан расонидани зарари вазнин, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ҳодиса шаби 24 август дар дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт рух додааст.
Ба хонаи тағояш рафту кордкашӣ кард: боздошти ҷавони 22-сола дар Душанбе
"Гумонбаршаванда, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 40-солаи сокини шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шиками охирон задааст", - менависад ВКД.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷинояти бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.