ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳавопаймои Нерӯҳои Ҳавоии Италия, ки дар интиқол додани шаҳрвандон аз Афғонистон иштирок мекард, ҳангоми парвоз дар фурудгоҳи Кобул мавриди тирборон қарор гирифт, менависад The Wall Street Journal.
Бино ба маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад, ҳавопаймо аллакай дар як пойгоҳи ҳавоии Кувайт фуруд омадааст.
Маълум аст, ки дар дохили ҳавопаймои нақлиётии ҳарбии C-130J, ки мавриди тирборон қарор гирифт, рӯзноманигорон ва 98 ғайринизомӣ қарор доштаанд.
Эҳтимол, тирандозӣ аз силоҳҳои вазнини автоматӣ фавран пас аз парвоз кардани ҳавопаймо оғоз ёфт.
Дақиқ шудааст, ки тирандозӣ аз теппаи ҳамсоя, берун аз фурудгоҳ сурат гирифтааст. Сарфи назар аз тирандозии пулемётҳои калибри калон, ҳавопаймои итолиёвӣ парвози худро идома дод ва дар бораи хисороти эҳтимолӣ гузориш нашудааст.