Фирор аз Афғонистон: ширкати ҳавоии “Кам Эйр” ҳавопаймоҳояшро ба Эрон мебарад

Ширкати ҳавоии “Кам Эйр”- и Афғонистон ҳавопаймоҳояшро ба Эрон интиқол медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Роҳбарияти ширкати ҳавоии “Кам Эйр”-и Афғонистон аз давлати Эрон дархост кардааст, ба ширкат иҷозат диҳанд ҳавопаймоҳояшонро ба Эрон интиқол диҳанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Муҳаммад Ҳасани Зибахш, сухангӯи созмони ҳавопаймоии Эрон гуфт, ки кишвараш ба дархости соҳиби ширкати афғонӣ розӣ шудааст.
Ба гузориши ИРНА, оқои Зибахш гуфтааст, ки дар пайи авҷ гирифтани даргириҳо ва танишҳо дар фурудгоҳи Кобул, молики ширкати хусусии ҳавопаймоии “Кам Эйр” хостори интиқоли чанд ҳавопаймои ин ширкат ба Эрон шудааст.
Шумораи тоҷикистониёне, ки аз Афғонистон тахлия шуданд, маълум гардид
“Кам Эйр”- яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии фаъол дар Афғонистон ба ҳисоб мерафт.
Сухангӯи мақомоти ҳавоии Эрон гуфт, ки ин кишвар мувофиқи равобити байналмилалӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба ширкати “Кам Эйр” барои парвоз иҷозат додааст. Гуфта мешавад, ки ин парвозҳо бидуни мусофирон сурат мегирад.