Эрон аз барқарорсозии раванди тиҷорат бо Афғонистон хабар дод

Мақомоти Эрон эълон доштааст, ки раванди тиҷорат байни Эрону Афғонистон, ки тайи якуним моҳи гузашта манъ шуда буд, тақрибан ба ҳолати муқаррарӣ баргаштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон таъкид доштааст, ки бинобар таҳаввулоту иттифоқоте, ки дар кишвари Афғонистон тайи якуним моҳи гузашта сурат гирифт, тиҷорати Эрон бо Афғонистон мутаваққиф нашуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Вай таъкид доштааст, ки танҳо дар марзи Моҳирӯд камтар аз 24 соат, марзи Дуқорун камтар аз 3 рӯз ва марзи Малик камтар аз 5 рӯз таваққуфро шоҳид будем.
“Ба далели иттифоқоте, ки дар кишвари Афғонистон афтод, дар бархе аз рӯзҳо тоҷирҳо тасмим гирифта буданд, ки ҳаҷми колоҳои худро каме коҳиш диҳанд, албатта дар давоми чанд рӯзи гузашта ҳаҷми табодули коло дар марзҳои сегонаи Эрон бо Афғонистон дубора афзоиш пайдо карда ва ба ҳолати оддӣ боз гашта аст”, - гуфт Латифӣ.
Тиҷорати миёни Эрону Афғонистон ба таври комил мутаваққиф шуд
Сухангӯи гумруки Эрон ҳамзамон қайд кардааст, ки дар давоми панҷ моҳи моли равон 2 миллиону 165 ҳазор тон молу маҳсулот ба арзиши 855 миллион доллар аз Эрон ба кишвари Афғонистон содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад коҳиш ва нисбат ба соли 2019 панҷ дарсад коҳиш доштааст.