ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Бар асоси гузориши аксии дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, баробари даҳҳо нафари дигар Мурод Саидзода низ рутбаи навбатӣ гирифтааст. Рутбаи ҷадиди Мурод Саидзода генерал - лейтенант мебошад.
Мурод Саидзода зодаи ноҳияи Восеъ, яке аз афроди содиқи Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки аз соли 1992 аз замони ба қудрат расидани Раҳмон, Саидзода ба ҳайси муҳофиз дар паҳлӯи ӯ қарор дорад. Ба ҳайси сармуҳофиз Саидзода раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар сафарҳои дохилию хориҷияш ҳамроҳӣ мекунад.
Дар баробари Мурод Саидзода инчунин бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 37 нафар рутбаҳои баланди генералӣ дода шуданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба 37 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида шуд.