ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, ҳавопаймои низомии кишвар гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон ба фурудгоҳи шаҳри Ҳисор расонд.
"Ҳавопаймои низомӣ - нақлиётӣ дар фурудгоҳи шаҳри Ҳисор фуруд омада, шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон ба Ватан расонд", - хабар дод Вазорати мудофиаи Русия.
Инчунин хабар дода шудааст, ки ду ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Қирғизистонро ба фурудгоҳи Канти ин кишвар интиқол додааст.
Ҳавопаймоҳои Русия дар баробари шаҳрвандони ин кишвар инчунин гуруҳе аз атбои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Белорус ва Украинаро аз Афғонистон берун овардаанд.
Вазъият дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* муташанниҷ шуда, бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ азми берун рафтан аз кишварро карданд. Толибон* 15 август вориди Кобул шуда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар хотима ёфт.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар