ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Ғизол Иноят ҳунарманди шинохтаи афғон гуфт, дар буҳрони Афғонистон худи мардуми афғон ҳам айбдор аст.
Сароянда гуфт, вазъи Афғонистон дигар аз ин бадтар шуда наметавонад.
"Муттассифона бадбахтиҳое, ки имрӯз Афғонистон мекашад, бузуртарин далоилаш беиттифоқии ҳамаи мо аст ва албатта тафриқаандозии бегонаҳо. Ман фикр намекунам, ки авзои Афғонистон аз ин бадтар шавад", - гуфт ӯ.
Сароянда мегӯяд, бозиҳои сиёсӣ бисёр печидаанд ва мардум ба дурустӣ дарк намекунанд, ки кадом давлатҳо ба бадбахтии Афғонистон сабаб ҳастанд.
Вале, ӯ аз ИМА гила мекунаду мегӯяд, манофеи худро дар кишвар пайгирӣ кард ва Афғонистонро ба дасти Толибон* супурд.
"Агар возеҳтар бигӯям Амрико Афғонистонро ба буҳрон кашонд ва замоне, ки аҳдофаш бароварда шуд, ба осонӣ худро аз Афғонистон баровард".
Ба гуфти Ғизол Афғонистонро ҷомеаи ҷаҳон танҳо гузошт ва ҳама ба Афғонистон пушт гардонд.
"На Созмони Миллати Муттаҳид на ҳуқуқи башар, на кишварҳое, ки дӯсти Афғонистон буданд, чизе дар бораи вазъи ин кишвар нагуфтанд".
Ба гуфти сароянда ҳатто давлатҳое, ки мардуми Афғонистон дар мушкилоташон аз онҳо пуштибонӣ кард, имрӯз ба мардуми афғон пушт гардониданд.
"Имрӯз маълум шуд, ки афғонҳо дӯст надоранд ва ба ҳар касе, ки мардуми Афғонистон эътимод карданд, мардуми афғонро аз пушт ханҷар заданд", - гуфт Ғизол.
Сароянда аз сарозер шудани мардум аз болои ҳавопаймоҳо ба хотири талош барои зиндагии беҳтар ва осуда, ёдоварӣ кард ва гуфт, дигар хомӯш буда наметавонад.
Дар охир, Ғизол аз ҳамаи ҳунарнмадон ва аз ҷомеаи ҷаҳон даъват кард, ки аксияеро зери унвони "Afgan Lives Matter" роҳандозӣ кунанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар