Зас: Тоҷикистон аз ӯҳдаи назорати марз бо Афғонистон мебарояд

Вай афзудааст, ҳоҷати равон кардани нерӯҳои иловагӣ нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Тоҷикистон аз ӯҳдаи назорати марз бо Афғонистон мебарояд, тизҳор доштааст дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас.
Вай афзудааст, ҳоҷати фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба марз нест ва Вазъият дар сарҳад бо Афғонистон зери назорати Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор дорад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Душанбе интиқоли силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро такзиб кард
"Феълан сарҳадбонони тоҷик, қувваҳои мусаллаҳ вазъи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро назорат мекунанд. Бинобар ин зарурияти ҷалби неруҳои иловагӣ ҷиҳати ҳифзи сарҳад вуҷуд надорад", — таъкид кардааст вай.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид кардааст, ки бояд низомиёни кишварро аз ҷиҳати техникӣ дастгирӣ кард. "Тадбирҳо дар ин самт, аз ҷумла дар шакли ҳамкориҳои дуҷониба, андешида хоҳанд шуд", - кайд кардааст дабир.
Ба гуфтаи Зас, агар зарурате пеш омад, СААД ирсоли нерӯҳоро баррасӣ мекунад.
"Мо ҳамаи имкониятҳоро дорем, ки амнияти дилхоҳ давлатеро, ки шомили СААД мебошад, таъмин созем", — хулоса кард Дабири кулли СААД Станистав Зас.