Ҷангалзори назди куҳи мавсум ба Волчиха дар вилояти Свердловро сӯхтор фаро гирифт. Навор ва аксҳо аз ҷои ҳодисаро нашрияи минтақавии "Ревдинский рабочий" нашр намудааст.
Яке аз омилҳои асосии паҳн шудани сӯхтор дар минтақа шиддат гирифтани шамол арзёбӣ мегардад. Оташ тақрибан тайи ним соат беш аз 50 гектар ҷангалзорро фаро гирифт.
Ба далели алангаи оташ, дар шоҳроҳи федералии Перм - Екатеринбург қисмати аз километри 318 то 326-ум километр ҳаракат масдуд шудааст.
Дар ҷои ҳодиса кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва инчунин низомиёну ихтиёриён кор мекунанд. Ба хомӯш кардани оташ инчунин авиатсия ҷалб карда шудааст.