Кормандони Дастгоҳи иҷроияи президент мукофот гирифтанд

Мукофотҳо аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба кормандони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуданд.
Мукофотҳо аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба кормандони дастгоҳ тақдим гардидааст.
Овозхонҳо унвону мукофот гирифтанд: аз Саидзода то Соҳиба ва Аловатову Назриев - аксҳо
Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ ба 4 нафар медали Хизмати шоиста, 2 нафар медали Шафқат, 5 нафар медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" супурда шуд.
Ҳамчунин, 3 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар Ифтихорнома ва ба 35 нафар Раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, пештра раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳрвандони кишвар мукофоту ҷоизаҳо дода буд.