ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Мудири Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоӣ ва иқтисодии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия, иқтисоддон Алексей Зубетс оқибатҳои хуруҷи муҳоҷирон аз Русияро шарҳ дод.
Коршинос қайд кард, ки мавҷудияти қувваи кории арзон дар бозор раванди сармоягузориро суст мекунад.
"Барои тиҷорати калони Русия арзиши муҳоҷирон дар он аст, ки чунин кормандон нисбат ба русиягиҳо 20-30% арзонтаранд. Аммо то замоне, ки соҳибкор бригадаи коргарони бел ба даст дорад, экскаватор намехарад", - шарҳ дод иқтисоддон.
Алексей Зубетс афзуд, ки коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар Русия талаботро ба коргарони русиягӣ афзоиш хоҳад дод.
Таҳлилгар бовар дорад, ки "кам кардани" вуруди муҳоҷирон ба қаламрави Русия як зарурат аст.
Қаблан хадамоти Head Hunter дар бораи он, ки пандемия ба вазъи муҳоҷирон ва иқтисоди Русия чӣ гуна таъсир расонд, гузориш нашр кард.
Маълум шуд, ки дар як қатор иттифоқҳои касаба сабқат аз чор-панҷ кас барои як ҷой ба як ё ду нафар коҳиш ёфтааст.