Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даст кашидан аз даъвои ҳудудӣ: изҳороти ВУХ Қирғизистон оиди масоили марзӣ бо Тоҷикистон

Ба гуфти вазири умури хориҷии Қирғизистон, дар бораи ҳалли масъала дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сухан гуфтан барвақт аст ва эҳтимол дорад, Русия ба ин музокирот ҷалб шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев гуфт, бо вуҷуди талошҳои давомдор барои таъйини аломатгузории марз бо Тоҷикистон, дар бораи ҳалли ниҳоии мушкилот суҳбат кардан барвақт аст, хабар медиҳад РИА Новости.
"Сарфи назар аз талошҳои давомдор барои аломатгузории хатти сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон, дар бораи ҳалли ниҳоии муноқиша сухан гуфтан барвақт аст", - гуфт вазири қирғиз.
Ба гуфти Қазоқбоев, як "пешрафт" метавонад қарори муштарак бо Тоҷикистон "дар бораи даст кашидан аз даъвоҳои ҳудудӣ ва оғози ҷустуҷӯи созиш" бошад.
Дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон гуфт, ки марз бо Тоҷикистон кай боз мешавад
Ҳамзамон Руслан Қазоқбоев таъкид кард, ки "Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамсоягони таърихӣ ва кишварҳое ҳастанд, ки халқҳояшонро фарҳанг, анъана ва мазҳаби муштарак мепайвандад".
Бо назардошти чунин робитаҳои зич ва хоҳиши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ вазир гуфтааст, ки барои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад.
"Агар бо ягон сабаб кишварҳои мо натавонанд ин корро иҷро кунанд, албатта имкони ҷалби Русия ё дигар кишварҳо ва шарикони бародари мо дар минтақаро баррасӣ хоҳем кард".
Ёдовар мешавем, ки як қисмати сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон гоҳ -гоҳ ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Қирғизистон ҳифзи марзаш бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад
Сабаби асосӣ қисматҳои аломатгузоринашудаи сарҳади давлатӣ мебошад.