Ҳалокати марди 36-сола зери чархи “Мерседес-Бенс” дар Дӯстӣ

Гуфта мешавад, ки дар ронандаи “Мерседес-Бенс” аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати як марди 36-сола дар пайи садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 22 август рух додааст.
Соати 22:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нарзуллоев Муҳаммадзоири 52-сола, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Нури Вахш ба самти ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур, , аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
ВКД – и Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ хабар дод
Ӯ воқеъ дар деҳаи Тоҷикобод пиёдагард Бекназаров Бекмуроди 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолиятро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Бекназаров Б.И. ҷароҳатхои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.